Бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта аксияи “Тозагии соҳил” бо иштироки кормандони Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ва бештар аз 2500 нафар сокинон, кормандону ташкилоту муассисаҳое, ки дар соҳили дарёи Сир ҷойгиранд гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур барои тоза намудани соҳили дарё ва ба тартиб даровардани он ҳамчунин донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳои шаҳр, Литсейи касбии техникии №44, №56, Колеҷи омӯзгори ба номи академик Б.Ғафуров, Маркази дилшиносии вилояти Суғд, Маркази ҷарроҳии дил дар вилояти Суғд, Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Беморхонаи физеотерапевтии Ҷумҳуриявӣ ба номи А.Нурматов, Кӯдакистони Президентӣ, Сокинони кумитаҳои маҳаллаҳои 1-май, Сайҳун, Сирдарё ва соҳибкорон низ саҳми худро гузоштанд. Иштирокдорони ин амали нек ду тарафи соҳили дарёи Сир, аз кӯпруки Ҷашнӣ то кумитаи маҳаллаи Раззоқро аз партов, алафҳои худрӯйи хушкшуда тоза карданд. Бо мусоидати кормандони КВДК “Хизматрасони нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд 38 м3 партов бароварда шуд.