Хабаргирии занони барӯманд ва собиқадорони меҳнат дар арафи Иди Рӯзи Модар ба ҳукми анъана даромадааст. Бо ҳамин иқдом рӯзи гузашта Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ зани барӯманд, собиқадори меҳнат, муаллимаи хизматнишондода Фотима Самадоваро аёдат намуда, ин бонуи азизро ба муносибати «Рӯзи Модар» табрику муборакбод намуд.

Дар навбати худ пири рузгордида дуои  ободии  кишвар намуда, сипосмандии хешро барои таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуд. 

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз номи Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модари мушфиқро табрик гуфта, ба он кас тӯҳфаи хотиравии кумиҷроияро супорид.