Мувофики накшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», бо максади сазовор ҷашн гирифтани               24-солагии Артиши миллӣ ва соли 2017 «Соли ҷавонон» дар микёси шаҳр бо ҷалби сокинони кумитаи махаллаҳо ва ҷиҳати тозаву покиза нигоҳ доштани манзили хеш шанбегӣ баргузор намуданд.

Бошандагони кумитаи маҳаллаи «Сари Баландӣ», кучаи А.Расулов тангкӯчаи Сари Баланд дар шанбегӣ фаъолона ширкат варзида, гирду атрофи  кӯчаҳои маҳалларо аз партовҳо тоза намуданд.

Инчунин, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ кӯчаҳои маҳалла бо сангмайда руйпуш карда шуда, якчанд ниҳолҳои хамешасабз шинонида шуд.

Ба иттилои бошандагони ин маҳалла минбаъд низ чунин иқдомҳо роҳандозӣ хоҳанд шуд.