Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Рӯзи муаллим» ва «Рӯзи забони давлатӣ» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ташриф оварда, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро ба муносибати иди касбиашон ва «Рӯзи забони давлатӣ» табрику муборакбод намуд ва 16 нафар омӯзгорони фаъол, аъзоёни ҲХДТ, ки баҳри пешбурди фаъолитяи ҲХДТ ҳамеша саҳми худро мегузоранд, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Комиҷроия қадршиносӣ карда шуданд.