Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маҷлисгоҳи калони донишгоҳ бо иштироки роҳбарият, кормандон ва устодону донишҷўён бо мақсади ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ бо коррупсия ва пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ  вохўрӣ баргузор гардид.

Чорабиниро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода ифтитоҳ намуда, дар бораи мақсаду мароми чорабинӣ, роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои коррупсионӣ ва тарғибу ташвиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳарф зада, аз ҷумла, таъкид сохт, ки яке аз мушкилоте, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Зеро ҳанўз ҳам аз тарафи баъзе кормандони ташкилоту муассисаҳо содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Таҳлилҳо бозгўи он шуданд, ки даст доштани шаҳрвандон ба амалҳои коррупсионӣ аз дониши пасти ҳуқуқӣ ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ мебошад. 

Сипас, А.Қодирҷонзода, сардори шўъбаи пешгирии коррупсия, подполковники адлия ва Ҳ.Зарифзода, нозири шўъбаи пешгирии коррупсия, капитани адлия, ба сухан баромада, доир ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи хеш ба Паёми навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2016), ҳадафҳои асосӣ ва татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии ин амали номатлуби ҷомеа истода гузашта, ҳозиринро ба ҳамкорӣ, пешгирӣ ва решакан намудани ҳодисаҳои коррупсионӣ дар ҷомеа даъват намуданд. Дар маърўзаҳо даст доштани баъзан устодони донишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоятро ёдовар шуда, бо далелҳои мушаххас маърўза намуданд. Пас аз суханрониҳо иштирокчиёни вохўрӣ ба сўҳбати озоду ошкоро даъват карда шуд.

Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўразода чорабиниро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид сохт, ки  устодону донишҷўёни донишгоҳ донишу малака ва таҷрибаи  худро бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва илмомўзӣ баҳри тарғибу ташвиқи ҳаёти солим ва решакан намудани ҳамагуна ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ саҳмгузор хоҳанд шуд. Дар ҳамаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, барои пиёда сохтани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бунёдкориву созандагии кишвари азизамон камари ҳиммат хоҳанд баст.