Ба сифати Пешвои миллат эътироф шудани Президенти мардумии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амри воқеӣ буд. Зеро ин марди ҷонфидо, хирадманд, ДАРДОШНО ВА ҲАМРОЗИ МИЛЛАТ замоне ба арсаи сиёсат омаданд, ки давлат ба ҳадди нестӣ мерасид. Маҳз хиради азалӣ, такя намудан ба нерӯи мардум, таҳаммулпазирӣ ба ин халқи куҳан, имкон дод, то ба ҷанги бародаркуш хотима диҳад. Ва имрӯз Тоҷикистонро ба ҳайси кишвари ободу озод мешиносанд ва эътироф менамоянд. Воқеан ҳам Сарвари давлати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниёз ба мадҳу ситоиш надоранд. Зеро тӯли наздик 25 соли роҳбарӣ ба ин мулки тамаддунофар исбот карданд, ки ҳарфашон бо амалашон як аст. Ҷаноби Олӣ шахсияти нотакрор, раҳмдили шафқатпеша ва роҳбари хирадманд ҳастанд. Агар чунин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар вуҷуди он кас намебуд, садҳо нафар размандагони воқеаҳои наҳзи солҳои навадум ҳоло низ паси панҷара менишастанд. Баръакс, Роҳнамои миллат дар ҳар баромадҳояшон даъват ба амал меоранд, ки кинаву кудуратро аз дил берун кунем ва миллатамонро ба сӯи пешрафт раҳнамун созем. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлати тоҷикон тавонистанд, ин миллатро сарҷамъ намоянд ва дар атрофи идеяи миллӣ миллатро созанд. Пешвои миллати моро дар хориҷи кишвар чун ҳомӣ ва мунодии сулҳ мешиносанду эътироф мекунанд. Хосса, Раҳбари давлати тоҷикон дар минбарҳои баланди Созмони миллали муттаҳид ва конфронсу симпозиумҳо аз мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ, нарасидани оби ошомиданӣ ва онро эҳтиёту самаранок истифода бурдан ҳарф зада, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки ин неъмати худододи табиатро эҳтиёту самаранок истифода барем. Ин ғамхорӣ ва дурандешии Лидери тоҷикон ҷаҳони сиёсатро таккон дод ва имрӯз сарварони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳонӣ мешиносанд. Дар зарфи 10 соли охир дар мамлакат беш аз 1000 мактаби ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардидааст. Ҳамзамон ба шарофати сиёсати ояндабинонаи Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ ҳанҷз чанд сол муқаддам раванди компютеркунонӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷараён гирифта, меваашро имрӯз дида истодаем. Аз рӯи назарсанҷие ки раёсати маорифи вилоят соли гузашта анҷом дод, ҳудуди 80 дар сади хонандангони синфҳои болоии вилоят донандаи хуби фанни технологияи информатсионӣ мебошанд. Маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки толибилмони вилоят ҳамасола дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мақоми шоистаро касб мекунанд. Ҳамаи ин дастовардҳо аз амну осоиш ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бармеояд, ки зимоми роҳбариро Президенти оқилу донои мо, асосгузори сулҳи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш доранд. Иҷрои се самти стратегӣ бо пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон сурат гирифта, дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад. Мо медонем, ки аз даврони шӯравӣ ба ин миллат чӣ мерос монда буд. Ҳатто мо вобастаи ҳалқаи энергетики ҳамсоягон будем. Маҳз дурандешии Сарвари давлат сабаб шуд, ки вилояти Суғд бо шабакаи умумии нерӯи барқи кишвар якҷоя шавад. Хатти баландшиддати Душанбе – Хуҷанд сохта шавад. Ба шарофати обод ва таъмиру тармим гаштани роҳҳо, кандани се нақби бузург Истиқлол, Шаҳристон ва Лолазор, ҳоло мо бемамониат ба гӯшаву канори кишвар рафтуо менамоем. Роҳбари муаззами кишвар зимни сафарҳои хориҷии худ дар баробари густариш додани робитаҳо бо ин ё он давлатҳо, ҳамчунин имкон ёфта, бо тоҷикони муқими он давлатҳо сӯхбатҳои озоду гуворо доир менамоянд. Аз ҳар яки онҳо даъват ба амал меоранд, ки меҳани худ, обу хоки диёри аҷдодии худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозанд, балки дар оростани қасри мӯҳташами Истиқлол саҳмгир бошанд. Ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд дар радифи халқи шарафманди Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ин падидаи нодирро бо як фараҳмандиву хурсандии беканор аз умқи дил тарафдорӣ намуда, садоқати хешро ба Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати садоқатмандонаю бунёдкорона иброз медоранд ва дар гул-гулшукуфоии Ватани азиз нақши муассир мегузоранд.

Наим Маликисломов, раиси Қумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд