Субҳи имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Хуҷандобуканал”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид.

Вохӯриро раиси идораи  “Хуҷандобуканал” Носирҷон Ғафурзода ифтитоҳ намуда, чанд нуктаҳои муҳими Паёмро вобаста ба соҳаҳои мухталиф шарҳ дод.

Сипас, устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Самандар Рӯзиев баромад намуда, ба тариқи муфассал Паёми Пешвои миллатро шарҳу эзоҳ дод. Мавсуф дар баромади хеш иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи хеш Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои ниҳоят муҳиму ояндасозро баҳри боз ҳам тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ роҳандозӣ  намуда, он баҳри зиндагии шоистаи ҳар як сокини кишвар равона гардидааст.