Китоб ганҷи бебаҳост. Китоб инсонро ҳамдаму мӯнис ва роҳнамост. Шоир беҳуда китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ тавсиф накардааст. Маҳз китоб аст, ки аз мутолиааш дилҳо равшану қалбҳо мунаввар мегардад. Пайваста мутолиа намудани  китоб ба кас нерӯи тоза мебахшад, маънавиёташ бою рангин ва ғанӣ мегардад.

Дар партави баргузории иқдоми пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест» раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо хонандагони Муассисаи давлатии «Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд мулоқот карда, ба онҳо китобҳои бадеиро, ки аз Ташкилоти ҷамъиятии бачагонаи «Истиқбол» харидорӣ гардидааст, тақдим намуда. таъкид намуд, ки бачаҳо аз ин ганҷи бебаҳо баҳраёб гарданд.