Санаи 1 – апрели соли равон маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар кори он раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва аъзоёни фаъоли  кумиҷроияи шаҳрӣ ширкат доштанд.

Маҷлисро Раиси кумиҷроияи шаҳр Маликисломӣ Наим Мунаввар ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард ва оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давраи  семоҳаи аввали соли 2022 ҳисобот дод. Мавсуф зимни суханронии худ қайд кард, ки давоми се моҳи аввали соли равон 488 нафар аъзо ба сафи ҳизб дохил шуданд.  Айни замон аъзои ҳизб дар шаҳри Хуҷанд ба 19 ҳазору 527 нафар расидааст ва аз ин шумора 12 ҳазору 389 нафарро занон ва 8 ҳазору 273 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра 2 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфт, ки айни ҳол шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ба 248 адад расид.

Масъалаҳои муҳими сиёсиву дохилиҳизбӣ, аз ҷумла вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ, муҳокимаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, қабул ва тасдиқи низомномаи воҳидҳои сохторӣ, тоза кардани сафи ҳизб аз шахсони тасодуфӣ, супоридани аъзоҳаққӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии нав, қабули аъзо ба сафи ҳизб, натиҷаи "Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ”,  ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳафтаи аввали моҳи март бо масъулини 19 ташкилотҳои ибтидоӣ ва монанди инҳо, ки аз дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ бармеоянд, дар рафти баромад таъкид шуданд.

Дар баромад ҳамчунин   зикр шуд, ки кумиҷроия ҳамасола тибқи нақшаи кории худ ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ, оммавӣ ва фарҳангӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Давоми моҳҳои сипаришудаи соли 2022 низ як қатор чорабиниҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаву корхонаҳо ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр роҳандозӣ гардиданд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева оид ба роҳандозии вохӯриву мулоқотҳо дар бораи фаҳмондадиҳии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 гузориш дод. Ӯ қайд кард, ки дар асоси ҷадвали тасдиқкардаи кумиҷроияи шаҳр дар 165 ташкилотҳои ҳизбӣ, муассисаву корхонаҳо ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохӯриҳо доир карда шуд, ки дар онҳо 11240 нафар шунавандагон ҷалб гардиданд. Дар вохӯриҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, олимону устодони донишгоҳҳои олӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб фаълолна иштирок ва баромад намуданд.

Сипас, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумиҷроия Маҳмадсалим Ҳаитов оид ба тасдиқи фармоишҳои  раиси кумиҷроия дар давраи семоҳаи аввал маълумот дода зикр намуд, ки дар ин давра фармоишҳои раиси кумиҷроия дар бораи рӯзи ахбори ягонаи сиёсӣ, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронӣ, оид ба сафари хизматӣ, рухсатии хизматӣ, қадршиносии фаъолони ҳизб, таҷлили ҷашни 29 – солагии таъсисёбии  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ситоди доимоамалкунанда оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ, таъсиси курси захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, баргузори чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи модар ва Наврӯзи Аҷам ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ ба имзо расид ва онҳо тибқи нақшаи чорабиниҳо давра ба давра иҷро шуда истодаанд.

Дар идомаи кори ҷаласа рӯзи баргузории Конференсияи 27 – уми ғайринавбатӣ муаяйн ва ҷадвали баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба пешбарии вакилон ба Конференсия тасдиқ карда шуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. 

Собиқадори ҳизб Ӯғулой Умаралиева  аз номи иштирокчиён фаъолияти кумиҷроияро хуб арзёбӣ намуда, ба фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно кард.