Имрӯзҳо дар зери ниқоби дини ислом хар гуна ҳаракат ва равияҳои ифротгаро ва ҳатто бо ном «давлати исломӣ» пайдо гардида истодааст, ки агар хубтар назар намоем, бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд. Чунин сифотро мо ба ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ низ рабт медонем. Чунончи пайдоиши «Давлати исломии Ирок ва Лубнон» дар ибтидои асри ХХI ва аз моҳҳои июн ва июли соли 2013 аз ҷониби аксарият давлатҳои ҷаҳон маҳкум карда шуд. Забткориҳои босуръати ҳудудҳои Ироқ ва Сурия аз ҷониби давлати бо ном исломӣ, дар нимаи аввали соли 2014, ки он бо ваҳшоният ва вайрон кардани ҳама гуна ҳуқуқҳои башарии инсон гузаронида шуд, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ маҳкум карда шуд. ХНИ низ як шохаи ин ташкилоти террористӣ буда, имрӯз бо ҳамдастии дар кишвар мехоҳанд амалиётҳо гузаронанд. Бузургтарин фоҷеаро мо охири моҳи июл бо чашми сард дидем.Маҳз кӯрдилон ҷавононро гумроҳ карда, ба хотири паст задании обрӯи кишвар ба ин амали нангин даст задаанд. Аёмиддин Сатторов дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» иқрор мешавад, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ёрони ӯ то кунун ӯро маблағгузорӣ мекунанд. Кабирӣ ба дӯстонаш ваъда додааст, ки дар табадуллоти давлатӣ ширкат меварзанд. Дар филми мазкур асрори зиёде аз фаъолияти ҲНИ кушода шуд, ки ба мо сабақи хубе хоҳад буд.

Мо таърихи қадим ва ибратомӯз дорем, бояд нагузорем, ки ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда, сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ шавад.