Дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд вохўрии номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Ситора №13” Мамадҷонзода Маъруф Тӯхтабой ба ҷойи вакили хориҷшуда бо интихобкунандагон доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Ситора №13» Мамадҷонзода Маъруф Тӯхтабой ва шахси боэътимоди ӯ аз барномаи пеш аз интихоботии худ назди интихобкунандагон гузориш дода, қайд карданд, ки ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳадафи номзадони он ин беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодии кишвар аст. Мушкилиҳои умда, ки имрӯз дар назди мардум қарор дорад, ҳалшаванда аст. Аз ҷумла қайд шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати қувваи сиёсии бузурги кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.

Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар баромадаш таъкид дошт, ки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои солҳои 2015-2020 «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» унвон шуда, ҳамчун барномаи амал ба ҷомеа пешниҳод гардидааст.

Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди афзалиятноки соҳаи саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун вазифаҳои стратегии марҳалаи нав арзёбӣ мегарданд.

Сипас миёни интихобкунандагон ва номзад атрофи мушкилӣ ва роҳҳои он саволу ҷавоб сурат гирифт.