Миллати тоҷик аз азал ободкору созанда ва сулҳхоҳу тамаддунофар буданд. Ҳамин рисолати мардумони тоҷик ва миллати соҳибистиулолбуд, ки то кунун мо ба дастовардҳои беназире қариб дар ҳамаи соҳаҳо шарафёб гардидаем. Хушбахтиовар он аст, ки имрӯз натиҷаи ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бори дуюм шоҳиди он гаштем, ки дар ҳақиқат миллати мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ расида истодааст. Ба истифода додани чархаи дуюми НОБ-и Роғун як воқеаи ниҳоят муҳиму тақдирсоз ва ҷашни хираду нури оянда аст. Мо миллати ободем ва давлати пойдор ҳам ҳастем, чун мамлакати мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун миллати рӯ ба тараққӣ ниҳода ҷойгоҳи амиқи худро ёфтаем. Аммо имрӯзҳо нафаронеро вомехӯрем, ки ношукрӣ аз ин даврони соҳибистиқлолӣ намуда, майл бабегонапарстӣ мекунанд. Намеандешанд, ки оқибати он даҳшати зиёд меоварад, аввал ба худашон ҷабр мекунанд баъдан ба мардумони миллат. Инак мо боз ба пирӯзиву муваффақият расидем, чун кишварамон пеш мераваду аз пешравиҳою музаффариятҳо бархурдор аст. Аминем, ки маҳз бо шарофати Пешвои миллат, диёрамон аз имрӯз дида бештар зебою ободтар мегардад ва ҳамаи чор ҳадафи асосии давлат дар партави сиёсати ин марди хирад дар амал татбиқ хоҳад гашт. Бигзор ҳамеша Тоҷикистон осмони софу беғубор ва сулҳи абадӣ дошта бошад ва аз нури Роғун кошонаи ҳар тоҷику Тоҷикистонӣ мунаввар гардад.

 

Абдукодир А.

Декани факултети сохтмон ва нақлиёт

аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

дар шаҳри Хуҷанд