Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ситоди пешазинтихоботӣ оид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки аъзои Ситод, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва кормандони кумиҷроияи вилоят баргузор гардид.

Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён ҷаласаи Ситоди вилоятиро ифтитоҳ бахшида кайд намуд, ки имрӯз мо дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо шукргузорӣ аз суботи сиёсӣ ва оромиву осудагӣ баҳри сазовор баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ дидем. Тибқи иттилои ҳаррӯзаи ситоди шаҳру ноҳияҳо, хабару маълумотҳои сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳӣ он буданд, ки дар ҷойҳо гурӯҳҳои тарғиботии КИМ, вилоят, шаҳру ноҳияҳо, занону ҷавонон, фаъолону собиқадорон ҷиҳати тарғиби Барномаи пешазинтихоботи номзади арзандаи ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти босамарро ба роҳ монданд. Тибқи маъмулоти оморӣ мулоқоту вохӯриҳо, ҳамоишу чорабиниҳо бо фарогирии беш аз 1 млн. 200 нафар интихобкунандагон доир гардид, ки беш аз 80 фисади интихобкунадагонро ташкил медиҳад. Бовар дорам, ки самара ва натиҷаи ин корҳои мову шумо санаи 11 октябр аз иштироки фаъолона ва руҳияву интихоби интихобкунадагон маълум мегардад.
Дар ҷаласаи ҳисоботи раисони Ситоди пешазинтихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо оид ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуданд.

Дар кори Ситод раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси ҲХДТ дар нохияи Спитамен Ойбек Насруллозода ва раиси ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рӯзибой Маҳмадёр баромад намуда, оид ба фаъолияти Ситоди шаҳру ноҳияҳо ҳисобот доданд

Баъди маърӯзаҳо Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён чанд вазифаҳоро, ки дар рӯзҳои боқимонда ва рӯзи интихобот зарур мебошанд, баён намуд.


Бо ҳамин ба кори Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд хотима бахшид.