Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия кору фаъолиятро дар самти корҳои дохилиҳизбӣ аз ҷумла зиёд намудани  сафи  аъзои ҳизб дуруст ба роҳ монда, кӯшиш бар он дорад, ки сафи аъзоёнро аз ҳисоби шахсони арзанда афзоиш диҳад.

Аз ин лиҳоз, ба  30 нафар омўзгорони ҷавонӣ ташкилоти ибтидоии “20 – солагии Истиқлолият”  , ки  қаблан  барои  дохил шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, аз ҷониби Раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ  Наим  Мунаввар  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ  супорида шуд.