Гузориш аз конференсияи 19-уми ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти дувунимсола бо иштироки 191 нафар вакилон конференсияи 19-уми  ҳисоботӣ- интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир шуд.

Дар кори конференсия ҳамчунин муовини Раиси ҲХДТ Раънохон Маҳмудзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаттоҳзода Сарфароз, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ширкат доштанд.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни ифтитоҳ бахшид. 

Ҳозирин пас аз интихоби ҳайати Раёсат, рўзномаи кори конференсия, ҳайати комиссияи мандатӣ, ҳайати котибот, ҳайати комиссияи таҳририя ба муҳокимаи масъалаи якуми кори рўзнома - ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар давраи аз моҳи октябри соли 2014 то моҳи апрели соли 2017 шурўъ намуданд. Дар ин бора раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар гузориши муфассал дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки маҳз масъулияти баланди корбарӣ, фаъолияти муназзам буд, ки дар давраи ҳисоботӣ теъдоди аъзо аз 8502 нафар ба 15303 нафар расонида шуда, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз 147 то ба 217 адад зиёд гардид. Ҳамчунин 5 кумиҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар ин давра ташкил карда шуд. Аз ҷониби аъзои кумиҷроия ва ҳайати кормандон сарпараст таъин шудан ба ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолияти ҳуҷчатгузорӣ, сари вақт пардохти аъзоҳаққӣ ва баргузории ҷаласаҳоро ба танзим даровард. Дар ин давра шўъбаҳои кор бо ҷавонон ва занон фаъолияташонро дучанд намуда, бо баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун барои баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа саъй варзиданд. Ташкили гурўҳ бо номи «Муросо» барои коҳиш ёфтани оилавайрониҳо хизмати бузургеро анҷом дод. Ҳамзамон моҳе як маротиба баргузор шудани маҳфили «Рози бону», ки ба он занони фаъол, ходимони сиёсиву давлатӣ, олимаҳо, коршиносони масоили иҷтимоӣ шомиланд, барои ҳалли умдатарин масоили ҷомеа кўмаки бузург намуда истодааст. Ҷавонони ҳизбӣ бошанд дар такя бо аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба ҷашҳои сиёсии кишвар аксияву семинарҳои гуногун доир намуда, доираи аъзоёро боз ҳам васеътар менамоянд.

Кумиҷроия дар давраи ҳисоботӣ фаъолияташро дар самти кор бо маҳаллаҳо вусъат бахшида, шумораи аъзоёнро аз ҳисоби сокинони маҳаллаҳо зиёд карда истодааст. Зеро таҷрибаҳо  нишон медиҳанд, ки бештар бо мардум будан аз ҳоли онҳо хабардор шудан барои баланд бардоштани обрўи ҳизб дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Абдумавлон Азимов, раиси комиссияи тафтишотии назди кумиҷроияи шаҳрӣ зимни додани ҳисоботи молиявӣ қайд кард, ки сол то сол ҳаҷми воридоти маблағ аз ҳисоби аъзоҳаққӣ ба суратҳисоби кумиҷроияи шаҳрӣ зиёд мегардад. Ин рақамҳо бозгўи он аст, ки робитаи кумиҷроия бо аъзоён қавитар мегардад.  Бо дастгирии мақомоти иҷроияи вилояту шаҳр кумиҷроияи вилоятӣ ва аз ҳисоби худи кумиҷроияи шаҳр ҳизб соҳиби бинои худ гардида, пас аз тармиму таъмир ҳамаи кормандон бо утоқхои барҳаво таъмин гардиданд. Пурқувват шудани базаи моддиву техникӣ самаранок истифода бурдани маьлағҳо имконият дод, ки кумиҷроия ройгон нашрияи худро бо номи «Шафак» ба аъзоён паҳн созанд.

Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи «Бобоҷон Ғафуров»-и назди маҳаллаи «Раззоқ», ректори ДДХ ба номи  академик Б.Ғафуров, доктори илмҳои таърих Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ, аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии варзишгоҳи ба номи 20- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловара Қодирова, раиси шўрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов, раиси ташкилоти ибтидоии беморхонаи клиникавии раками №1, роҳбари гурўҳи вакилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷлиси шаҳрӣ Тўрахонов Фирдавсхон, раиси ташкилоти ибтидоии ба номи Саидҷон Усаров Файзулло Файзиев, зимни музокираи худ дар маҷмўъ фаъолияти дувунимсолаи кумиҷроияи шаҳриро қаноатманд ҳисобида, дар бораи тадбирҳои андешидаи ташкилотҳои ибтидоӣ вобаста ба сарҷамъ шудани аъзоён гузориш доданд.

Аз ҷумла дар баромади  Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ таъкид  шуд, ки теъдоди аъзо дар кумиҷроияи ибтидоӣ аз сарҳади 1100 нафар гузашта дар назди кумиҷроия маҳвфилҳои гуногун вобаста ба баланд бардоштани дониши мафкуравии ҷавонон амал мекунад. Дар давраи ҳисоботӣ наздики 200 мақолаҳои устодон ва донишҷуён, ки бевоситаи аъзои фаъоли ҳизб мебошанд дар нашрияҳои даврӣ ба табъ расиданд.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода дар баромадаш таъкид кард, ки чун рисолати аслии ҳизб ин таблиғу ташвиқи оиннома ва барномаи хизби худ асту ҳамагон воқифем, ки барномаи ҳизб бо нақшаҳои стратегии давлат ва ҳукумат тавъманд аст, мехоҳам аз фаъолияти ташкилоти ҳизбии шаҳри Хуҷанд чанд далелро барои муқоиса ва хулосабарорӣ манзур намоям.  Агар ба таркиби сифати аъзои ҳизб назар кунем, маълум мешавад, ки сатҳи маърифатию маънавии он воқеан ҳам баланд аст. Аз шумораи умумии 15303 нафар аъзои ҳизб 5881 нафар маълумоти олӣ доранд. Беш аз 6043 нафар маълумоти олии нопурра  ва зиёда аз 1904 нафар маълумоти миёнаи махсус доранд. Албатта, ин қувваи бузург аст. Аз ин нерў ба таври самарабахш истифода кардан аз ҳунару маҳорати аъзои раёсату комиҷроия ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ вобастагии зич дорад. Номбурда дар идомаи гузоришаш аз робитаи қавии кумиҷроияи шаҳрӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокитмияти давлатии шаҳр изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки мо дар ҳамагуна чорабинӣ ба аъзо ва пайравони ҲХДТ такя менамоем.

Раънохон Маҳмудзода, муовини Раиси ҲХДТ  зимни баромади пурмўхтавои худ таъкид дошт, ки  ҳар як аъзои ҳизб масъул аст, ки он дастоварду комёбиҳое, ки давлат ва ҳукумат давоми беш аз 25-соли фаъолияти хеш ба даст овардааст то ба мардум бояд расонанд. Ҳамзамон мо минбаъд кўшиш кунем, ки барои аъзои худ шароити хуби корбариро таъмин намоем. Он гоҳ эътимоди мардум ба ҳизб бештар мешавад. Хуб аст, ки кумиҷроияи шаҳрӣ дар ин ҷода амалҳои ибратбахшро анҷом медиҳад. Ройгон обуна кардани аъзои фаъол, сарҷамъона бурдани занон  ба сайру саёхат ба води Зарафшон ва бо ин васила наздик намудани дўстии байни минтақаҳо ин худ далолати он аст, ки кумиҷроия роҳи дурусти фаъолиятро пеша кардааст. Мавсуф аз дастгириҳои давлат ва ҳукумат нисбати занон ёдовар шуда, гуфт, ки дар Паёми имсола ба занон таваҷҷўҳи бештар зоҳир карда шудааст. Дар ин росто ҲХДТ дастгирии маънавии сохтмони азими «Роғун» эълон шудан мақому манзалати ҳизбро ба маротиб боло бардошт. Ба андешаи Раъно Маҳмудзода ҲХДТ ҳизби амал аст на ҳизби ба ном амалмекарда ва бояд минбаъд низ кумиҷроияи шаҳрӣ барои тақвиятбахшии аъзои худ кушиш варзида бо икдомҳои наҷибонаи хеш тарафдорони худро зиёд намояд.

Дар қисмати дигари кори конфренсия вакилон ҳайати нави аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ҳайати нави комиссияи тафтишотии кумичроияро ба таритқи овоздиҳӣ интихоб намуданд. Ҳамчунин бо аксарияи овозхои вакилон Муҳаммадҷон Исматдинов аз нав сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Шафақ» интихоб шуд.

Дар идомаи кори конференсия 64 нафар аъзоён ба вакилии Конференсияи вилоятӣ интихоб гардиданд.

Нисбати ҳамаи масъалаҳои зикршуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар фарҷом ба аъзоёни фаъол Симпоснома ва тўхфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.