Бо дастури роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳашари ободонӣ гузаронида шуд.

    Ташаббуси мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои муҳими барномавии ҲХДТ – вусъат додани корҳои ободонӣ ва дар доираи омодагиҳо ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

    Кормандони дастгоҳи КИВ ҲХДТ гирду атрофи бинои ҳизбро тоза намуда, дар тақвият бахшидани корҳои ободонӣ саҳм гузоштанд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ва ҷоннок намудани корҳои ободонӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҳсуб ёфта, бо ташаббуси кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳру навоҳӣ пайваста ҳашари ободонӣ гузаронида мешавад.