Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқадорони меҳнат дар арафаи иди Рамазон аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ аёдати собиқадорони меҳнат Ҳамро Тоҳирова, Муҳаббат Шарифхӯҷаева ва дигарон роҳандозӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ бо собиқадорон пеш аз ҳама табрикоти Роҳбарияти ҲХДТ ба муносибати фарорасии  иди Рамазон расонида шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддию молиявӣ дастрас гардид.