16 декабри соли 2014 як гурӯҳи толибон ба як мактаби артиши Покистон дар шаҳри Пешовар ҳамла карданд, ки бо ин амали терористӣ чандин нафар толибилмону омӯзгоронро ба қатл расониданд. Ин амали нангин наметавонад касеро бетараф гузорад, зеро бани одам аъзои якдигаранд гуфтааст Саъдии бузургвор. Бояд қайд кард, ки ин қабил шахсон худро мусулмон ҳисобида, дини мубини исломро ҳамчун яроқ истифода бурда, дар ҷомеа чандин бетартибиҳоро сар мезананд ва боиси ғоратгариҳою бедодгариҳо гардида, ба ҷони мардуми бегуноҳ зарар меоваранд. Ин рафтори ноҷавонмардонаи терористон, ки дар мактаби мазкур сар задааст, боиси зиёд гардидани нафрати мардум шудааст. Ин амали ваҳшиёна мардуми ҷаҳонро водор месозад, ки ҷиҳати идомаи муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуб корбарӣ намоянд. Кирдори мазкур нишони ваҳшиёнаи шахсони бадахлоқ ва бераҳму шавқатро доро мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар дини мубини ислом куштори як нафар бо дасти нафари дигар ба пуррагӣ маҳкум мешавад. Ба ақидаи мусулмонон ҷинояти одамкушӣ дар он аст, ки инсон зидди қарордоди Худо баромада, худ ин амалро иҷро мекунад. Худованд инсонро фақат ба сарнавишти иҷтимоии хеш ҳоким сохтааст ва ҳеҷ кас наметавонад ин ҳаққи худододро аз инсон бигирад. Мутассифона, кирдорҳои ваҳшиёнаву разилонаи онҳо зери ниқоби дини мубини ислом сурат мегирад. Ҳар амали бадашонро ҷиҳод муаррифӣ мекунанд. Гӯё мақсаду маромашон на ҷангу хунрезӣ, балки овардани саодат ба мардум, пок сохтани олам аз кофирону бединон бошад. Чунин рафтори даҳшатнок, резондани хуни ноҳақ, хусусан маҷбуран гирифтани ҷони кӯдакони бегуноҳ дар дини мубини ислом ҷинояти вазнин ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин радиф мо аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ҳар гуна зуҳуротҳои маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таасуби динӣ, зӯроварӣ, эстремизм, тероризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияти худ шуморем ва нагузорем, ки чунин амалҳои ношоиста дар ҷомеа сар зананд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ин амали бадкирдоронаро маҳкум намуда, ба падару модарон ва наздикони ҳалокгардидагони ин ҳодисаи нангин сабри ҷамилро хоҳонаст.