Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони дастгоҳи Кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳри Хуҷанд дар толори маҷлисгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ дастҷамъона мустақиман тамошо намуданд. Ҳамчунин навори мустақимро дар 232 ташкилот ва 5 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ кормандон ва фаъолони ҳизб бо мароқи том ва ифтихори бузург тамошо намуданд.

Сарвари давлат зимни таҳлили тамоми самтҳои хоҷагии  халқ  аз баланд шудани вазъи иҷтимоӣ, сатҳи некӯаҳволии халқ ва зиёд шудани давомнокии умр, инчунин коҳиш ёфтани фавти кӯдак изҳори қаноатмандӣ намуданд. Зикр шуд, ки омили муҳими пешрафти тамоми соҳаҳо ин дастгирии соҳибкории хурду миёна аст ва мақомотҳои тафтишотиро ба фаъолияти содиқона даъват намуданд. Қайд шуд, ки монеаҳои мавҷуда дар самти дастгирии хурду миёна пурра аз байн бурда шавад. Ҳамчунин барои коркарди маҳсулоти ниҳоӣ аз тамоми имконияту воситаҳо истифода бояд бурд, Зеро мутобиқ ба маълумотҳои оморӣ 90 дар сади маҳсулоти содиротшаванда аз дохили мамлакат ин маҳсулоти хом аст.  Президент дар ин самт дастур доданд, ки бояд бонкҳои ҷумҳурӣ дастгири молистеҳсолкунандаҳо  бошад, ба онҳо қарзҳои имтиёзнок диҳанд, то онҳо тавонанд соҳибкориро рушд бахшанд.

Пешвои муаззами миллат аз дастовардҳои соҳаҳои энергетика, роҳу нақлиёт ёдовар шуда, зикр намуданд, ки дар баробари рушди босуръати нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ҳамчунин таҷдиду азнавбарқароркунии дигар нерӯгоҳҳо амсоли «Қайроққум»-у «Норак» Ҳукумати Ҷумҳурӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Роҳбари давлат аз саховатмандию ифтихори баланди соҳибкорону саховатмандон ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар пешбурди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, пешрафти иҷтимоиёт ва маънавиёт нек арзёбӣ намуданд.

Дар ин росто ҳамчунин қайд шуд, ки давоми чанд соли охир ба 1 миллиону 400 ҳазор оилаҳои кишвар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ  дода шуд.  Президент аз сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки мутобиқ ба талаботҳои меъёрҳо хонаҳояшонро бунёд намоянд, то иншоотҳо даҳсолаҳо ба ояндагон хизмат намояд.

Пешвои миллат аз ташаббуси навбатии кишвари мо дар самти гиромидошти неъмати бузурги табиӣ – об,  фарҳанги истифодабарии он дар рӯзгор ёдовар шуда, аз аҳли кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба қадри об бояд расем.

Самти кишоварзӣ низ мӯшикофона таҳлил шуда, аз як замин гирифтани 3 – 4 ҳосилро омили пешрафти ҳар як хонавода донистанд.

Бо назардошти тақвияти дониши техникӣ, рӯ овардани  ҷавонон ба илмҳои равияи техникӣ ва дақиқ «Солҳои 2020 – 2040 солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон карда шуд.  

Президент дар мавриди эҳтиром доштани забон, рӯ ба китобу китобхонӣ овардани ҳамаи қишрҳои ҷоме, огоҳ будан аз гузаштаи пурғановати таърихи тоҷикон сухан карда,  ба ҳар хонадони тоҷик ҳамчун армуғон китоби арзишманди таърихӣ – «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро ҳадя намуданд. Ин ҳадя дар муддати кӯтоҳ ба ҳар хонадон тақдим карда мешавад.

Кӯдакон фардои ин миллати босаодатанд ва роҳбарону масъулин дастур гирифтанд, ки  дар муддати кӯтоҳ дар деҳҷойҳо муассисаҳои таълимии варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ бунёд намоянд.

Дар фуроварди Паём Роҳбари давлат аз ҳамаи сокинон даъват ба амал оварданд, ки бо меҳнати ҳалол барои ободӣ ва муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ саъй варзанд.