Нақша - чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба расонидани нуктаҳои Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолӣ  тасдиқ гардида, вохӯриҳои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии назди кумиҷроия оғоз гардид.

 Аз рӯйи нақшаи мазкур субҳи имрӯз гурӯҳи кории тарғиботчиёни кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд  дар ташкилоти ибтидоии “Шифокор” дар назди беморхонаи вилоятӣ  мулоқот доир намуданд.

 Мулоқотро сардухтури беморхонаи вилоятӣ  Фарух Мақсудзода ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.

Сипас, аъзои фаъоли гурӯҳи таблиғотӣ, раиси Шӯрои собиқадорони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов  ба иштирокчиён муҳтавои ососии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар фарҷоми мулоқот дар вазъияти тантанавӣ ба 13 нафар аъзоёни нав қабулгардида шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамзамон чунин мулокот дар ташкилоти ибтидоии “Сулҳ “ дар назди Маркази солимгардонии ИҶБВ бо иштироки аъзои фаъоли  гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, дотсент Зеварой Бобоева баргузор гардид.