Бо мақсади огоҳии бештари мардум ба ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд шиори ҳизб- «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум», ки дар Анҷумани XII –ум барои солҳои 2015-2020 қабул гардидааст, дар андозаи 6x3  насб карда шуд.