Ҳамасола тамоми ҷахон аз санаи 25 ноябр то 10 декабр Маъракаи Иттилоотии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ»-ро қайд мекунад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон қабул карда шудааст. Соли 1999 Созмони Миллали Муттаҳид 25 ноябрро расман Рӯзи байналхалқии мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, ба хотири куштори хоҳарон Мирабеллаҳо аз Ҷумҳурии Доминикан, эълон намуд. Интихоби 10 декабр ҳамчун рӯзи хотимавӣ низ бесабаб нест, зеро ин рӯз- Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон аст ва зӯроварӣ яке аз вайронкунии ҳуқуқи инсон мебошад.Дар раванди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013 таҳти №954 шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор" бо мақсади ҷалби диққати ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбати занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ сабаб ва зоҳир гардидани онҳо, мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии занон дар Маъракаи Иттилоотӣ ширкат варзида, гузаронидани силсилаи чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла санаи 26 ноябр бо иштироки намояндагони шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилоят, кормандони ТҶ МЗ «Гулрухсор» ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқот ороста шуда, оиди масъалаҳои мубрами рӯз ва бурдани ҳаёти бехушунат мубодилаи афкор намуд.