Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и шаҳри Хуҷанд семинар-машварати омӯзгорони таърих ва ҳуқуқ бахшида ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар асоси барномаи машварат омӯзгорони ҷавон Фарангис Баҳодурова ва Нигора Назарова дар мавзуъҳои «Сабабҳои таназзули давлати Сомониён» ва «Ҳуқуқи инсон дар давлати ҳуқуқбунёд» баргузор гардид.
Оид ба мавзъи «Такрору санҷиш ва ҳисобгирии санҷиши хонандагон дар дарсҳои таърих Мавзуна Ёрматова маърӯза намуд.
Иштирокчиёни семинар-машварат байни ҳам мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои худро барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълими тарбия баён доштанд.

Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Зулфия Умарова семинар-машваратро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки баргузории чунин семинарҳо барои тақвияти донишҳои назариявӣ ва амалии омӯзгорон мусоидат менамояд.

Сипас барномаи адабӣ-фарҳангии муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 бахшида ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони семинар машварат пешниҳод карда шуд.

Манзура Ёрматова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон гардиши куллӣ ба хотири наҷоти миллат ва давлат ба вуҷуд овард ва роҳи минбаъдаи пешрафти давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба мақом ва аҳаммияти таърихии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ борҳо изҳори назар намуда, аз ҷумла таъкид карда буданд, ки маҳз ҳамин иҷлосия боис гардид, ки як силсила масъалаҳои ҳаётие, ки бидуни ҳалли онҳо ҳифз ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон имкон надошт, ҳалли ниҳоии худро пайдо намоянд.