Чанде пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ як гуруҳ ҷавонон дар Олмон гӯё гирдиҳамоӣ карда, валвала бардоштанд, ким о зидди сиёсати Пешвои миллатем. Ростӣ, онҳо кистанд, аслан касе намешиносад, чанд бехабаре бехираде, ки худро ҳомии озодию демократия медонанду бо тамоми неру худро ҳақ мешуморанд ва нисбати Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар бадгӯи мекунанд.  Мо хуб медонем, ки ғарази таъсисёбии Гуруҳи 24 дар чист? Ғарази Шумо гумроҳонро ҳамчун ифодакунандаи нақш истифода бурда наворатон мегиранд, то ба ҳамаи ҳадафи худ, ки танқиди Тоҷикистон аст бирасанд. Агар Шумо воқеан дилсӯзи миллат ҳастед, биёед ба Ватан ва бо дили поку нияти пок барои фардои ободи Тоҷикистон хидмат намоед. Агар ободгар бошед, аз дохил истода Ватанро обод кунед, ки на ин ки аз дур истода, нисбати Ватан, миллат бадгӯӣ намоед.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат даъват ба амал оварда, таъкид намуданд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.
Ин гуфтаҳои Сарвари давлат мову шуморо ҳушёр ва водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба воқеаҳои рухдодаистода дар кишварҳои Осиёи наздик эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем, нагузорем, ки чунин падидаҳо ҳаёти ҷомеаи моро халалдор созанд. Мо бояд неруи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Ватани маҳбубамон равона созем.

Тарафдорони ғояҳои ифротгароӣ гуногунандеширо дар ҷомеа инкор карда, ақидаву назарҳои сиёсӣ, идеологӣ ва динии хешро бо дастгирии пешвоёни хориҷӣ пайгирӣ менамоянд. Таълимоти ифротгароӣ на ба тафаккур, балки ба таассубу хурофот (хусусан тақлидкорӣ ба ғояҳои тундгароӣ) такя намуда, роҳҳои созандагӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти иҷтимоию сиёсии ҷойдоштаро инкор менамояд, вобаста ба мушкилоти ҷойдошта танҳо айбҷўиро мебинанд. Пайравони ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳатто баъди дарки нодурустии ақидаҳо ва моҳияти таълимоти роҳбаронашон, онро тарк кардан намехоҳанд. Ба мафкураи онҳо бо ғояҳои ғалатро, ҳатто баромадан аз ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳамчун хиёнат ба дину муқобилият ба Худо мефаҳмонанд.

Мо кулли шаҳрвандони тоҷик хуб медонем, ки ин гуруҳҳои ба ном озодандешу дар асл ифротгаро дар хориҷи кишвар чӣ меҷўянд. Мо аминем, ки халқи мо дигарбора фирефтаи суханҳои аҳмақонаи шумо барин дасисабозон ҳаргиз намешаванд.

 

Сарамуаллими кафедраи
иқтисодиёти
 ҷаҳон
Ғайбуллоев
 К.Қ.