Сокини маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри бостонии Хуҷанд будан боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст. Барои ба ин саодатмандӣ сазовор гаштан ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намуда, дар хуррамгардонӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии шаҳр саҳм гузорад.

Субҳи рӯзи шанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби ҷавонони фаъол, аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани қабристонии «Гумбази қошуқ» бахшида ба фарорасии иди сайиди Қурбон шанбегӣ  гузаронида шуд.

Воқеан ҳам яке аз одатҳои хубу азалии мардуми тоҷик тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист мебошад. Тоҷикон аз қадим суннате доранд, ки субҳро аз тозаву озода гардонидани атрофи манзили истиқоматӣ ва назди дарвозаи хеш оғоз менамоянд.