Ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми пешгирифтаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба дастгирии оилаҳои ниёманд таҳти унвони «Роҳ ба сӯи мактаб» Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд ва ташкилотҳои ибтидоии он дар арафаи соли хониши 2014-2015 ба хонандагони оилаҳои ниёманди шаҳр ёрии моддӣ расонида, хонандагони ин оилаҳоро бо сару либоси мактабӣ ва лавозимотҳои хониш таъмин намуда истодаанд.

Аз ҷониби ташкилоти ибтидоии «Қолинҳои Хуҷанд» (Тавҳид) ду нафар, ташкилоти ибтидоии «Инқилоб» панҷ нафар, ташкилоти ибтидоии БКШ №2 ду нафар хонандагони оилаҳои ниёзманд дастгирӣ ёфтанд. Инчунин дигар ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ин иқдомро дастгирӣ намуда истодаанд ва то санаи 1-уми сентябр ин дастгирӣ идома меёбад.