Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд чун воҳиди сохтори Ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати бамеъёрдарории техникӣ, стандартонӣ, баҳодиҳии мутобиқат ва таъмини метрологӣ ва қоидаҳои савдо сиёсати Ҳукумат ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, нақши худро дар амалӣ гардонидани ҳадафхои созанда ва бунёдкоронаи мамлакатамон мегузорад.

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чун барномаи солонаи мардум барои рушди устувори тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ироа гардид, ташкилоти ибтидоии «Маркази Тоҷикстандарт» - ро низ бетараф намегузорад. Бад – ин маънӣ, 10 декабр мизи мудаввар таҳти унвони «Паём – роҳнамои мо!» дар ташкилоти ибтидоии мазкур бо намояндагони ҲХДТ – мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева, мудири кафедраи таърих ва муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Исоматдинов Ҷӯрабек ва собиқадори ҳизб Мавлудахон Файзуллоева баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ директори Маркази Тоҷикстандарт  дар вилояти Суғд Раҳимзода Абдумавлон Абдулаҳй баромад намуда, дар бораи ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Президенти кишвар ибрози ақида намуданд.

«Паёми имсола миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа мавриди ҳамовозӣ ва ҷонибдорӣ қарор гирифт ва саршор аз фикру мулоҳиза ва пешниҳоду дастурҳои судманду ояндасоз мебошад.

Соли 2018 аз тарафи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд, ки ин ташаббуси хирадмандона ҷиҳати тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятхои сайёҳии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ роҳандозӣ мегардад ва мо мардуми маърифатдӯсту ҳунарпарвари Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши хешро ба он равона месозем, ки ин ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаро бо муваффақият роҳандозӣ намоем,» - иброз доштанд баромадкунандагони чорабинии мазкур Зеварой Бобоева ва Ҷӯрабек Исоматдинов.

Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, баҳри пиёда сохтани нуктаҳои ҳадафманд ва созандаи Барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузорад.