НАҚШИ ЭМОМАЛ
Ӣ РАҲМОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Одамон, ки худ офарандаи таъриханд, дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва муносибат бо ҳодисаю падидаҳои дигари ҷамъиятию табиӣ мақсади муайянро, асосан фаъолияти худро қарор медиҳанд. Одамон низ қодиранд ба шароити ҳаёти худ таъсир расонанд ва ҳатто самти инкишофи онҳоро тағйир диҳанд. Шахсони зиёде буданд ва ҳастанд, ки ба ҳаёти ҷомеа такони пурзўре доданд. Бузургии ин гуна одамон дар он аст, ки тавонистанд манфиатҳои умумиро ифода намоянд ва баҳри ҳимояи онҳо кўшишҳои зиёде ба ҳарҷ диҳанд. Аз ин хотир, оммаи мардум ин гуна одамонро эҳтиром намуда, пешвои худ меноманд.

Масъалаи сарвар, сарварӣ ва пешво аз замонҳои қадим диққати мутафаккиронро ба худ ҷалб намудааст. Арасту низ ба масъалаи сарварӣ диққати махсус додааст. Ў дар асари машҳураш «Сиёсат» сохтори давлатии мамлакатҳои зиёдеро тавсиф менамояд. Ба моҳият ва хусусиятҳои давлат, аломатҳо ва мақомоти махсуси онҳо назар намуда, нақши одамони давлатӣ ва ҳарбиро дар мадди аввал мегузорад. Абўнасри Форобӣ дар бораи бунёди ҷомеаи идеалии «мадинаи фозила» сухан ронда, андешаҳои сиёсиашро баррасӣ намудааст. Дар саромади «мадинаи фозила» подшоҳон истодаанд. Подшоҳ, ки худ донишманд ва хирадманд аст, аҳли ҷомеаро аз паси худ мебарад.

Соҳибдавлат ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар ибтидо ва интиҳои қарни ХХ  ба халқи азияткашидаи тоҷик даст дод, аз ҳама  таҷрибаву дастовардҳои аҷдодии бузурги хеш сабақ омӯзаду панд гирад ва пояҳои давлати ҷадиду миллии хешро рўи ҳамин анъаноту суннатҳои нахустини давлати абарқудрати миллии худ устувору пойдор гардонад. Вале Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва  давлатдорӣ бўҳрони шадиде фаро гирифт. Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон  нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гардид. Дар чунин лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои  сарнавиштсози таърихи фоҷиабораш сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои  сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки   манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад. Иҷлосияи  ХV1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерўҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд.  Ва ин шахс  Эмомалӣ Раҳмон буд.

Аввалин даъват дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Ин шахсиятро низ миллатпарвар буданаш ва гиромидошти фарҳангияш дар арсаи олам шуҳрат бахшид. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонист, ки дар дили садҳо ҳазор ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшад. Дар ваҳдати миллати тоҷик на молу амвол, на тиру туфанг ва на таҳдиду фишор, балки фарҳанги миллӣ нақш дошт. Ба ин фарҳанги миллӣ давлат бунёд кард, сулҳ офарид, ваҳдати миллатро таъмин кард ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшид.

Аз он давраи ҳассос  ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ўҳда дорад, бо равшанӣ маълум гашт, ки ў дар сиёсат аз  истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархўрдор аст. Садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои  муфиду муассир ба вуҷуд овардани  ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дўстию  бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи тамоми умри хеш қарор додааст. Эмомалӣ  Раҳмон хуб медонист, ки  барои  мардуми азияткашидаи Тоҷикистон алҳол беҳтарин ва бебаҳотарин сарват сулҳ аст. Ва аз рўзҳои  аввали ба мақоми сардори давлат  интихоб шуданаш роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша шахсан саъю талош меварзид.  Ин нуқта дар  муроҷиатномаи ў  «Ба халқи шарифи Тоҷикистон» аз 12 декабри соли 1992  хеле хуб зикр ёфтааст: « Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои  Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барўманди тоҷик ҳастед бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки  тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила  барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи  неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам» (Раҳмонов Э.Ш.  «Чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ» 1995, с.6).

Пешвои миллат кори давлатдории худро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз кард. Ба вуҷуди ҳама мушкилот дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллии миллат буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад. 

Корнамоии ўро  дар радифи Раиси Ҷумҳури ИМА Франклин Делано Рузвелт ва сарвазири Англия Уинстон Черчилл, Сарвари собиқи СССР Иосиф Сталин гузоштан мумкин аст, ки оламро аз бўҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҷаҳонӣ раҳонида, аз хатари  таҷовузи Германияи фашистӣ наҷот доданд.

Эмомали Раҳмон ба ғайр аз шахси ташкилотчию дипломати  моҳир буданаш, инчунин чун роҳбари дурандешу дурбин дар ваҳдати тоҷикон, бедор намудани  хештаншиносӣ, ғурури ифтихори миллиашон  чанд иқтомодро пеш гузошт. Ў халқи тоҷикро дар атрофи ғояҳои бузурги асили миллӣ муттаҳид намуда ба сўи бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва  шаҳрвандӣ равона кард.

Таҷлили бузургдошти фарзандони шоиставу фарзонаи миллат, аз қобили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва монанди ин як омили бузурги таконбахшанда дар роҳи баланд шудани маънавиёти миллии ҳамдиёрони шуд. Таҷлили ин солгардҳо ба мақсади тавлиду камоли ин гуна фарзандони миллат мебошанд, ки бо гузашти вақт боиси ифтихори наслҳои оянда бошанд.

Миллати тоҷик таъриху фарҳанги ҳазорсолаҳоро соҳиб аст. Барои шинохти ин таърих санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоби Бостон, 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ ҷашн гирифта шуд. Инчунин, таҷлилу эҳёи суннатҳои мардумӣ ва баргузории чорабиниҳои васеи фарҳангӣ, ба монандӣ Наврӯз, Меҳргон, Рӯзи Шашмақом, Рӯзи Фалак, Рӯзи китоб, Рӯзи забон, Рӯзи Парчам ва амсоли он ба ҳукми анъана даромадаанд, ки шодиву нишот ва қаноатмандии тамоми қишрҳои имрӯзаи ҷомеаи мо мебошад.

Яке аз масъалахои муҳиме, ки дар рӯзхои аввали даври соҳибистиқлолии мо ба ҳастии миллат ва давлати Тоҷикистон таъсир дошт, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идораи низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Дар ин масъала Пешвои муаззами мо давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам овард. Ӯ шахсест, ки таҳти роҳбарияш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

Дуруст муайян намудани ният ва ормони халқ дар кори тархрезии шакли идора ,низоми сиёсӣ ва сохтори давлатӣ, ки муносибат бо мардуми ҷахон аз он мазмун мегирад, нуқтаи ибтидоии ин рохро низ Сарвари давлат дуруст дарёб намуд. Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ бидуни истисно дар таърихи навини Тоҷикистон нақши муассир иҷро намудаанд. Дар натиҷаи татбиқи Стратегияи миллии рушд сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 30 фоиз паст шуда, вазъи иқтисодиву иҷтимоии зиёда аз ду миллион нафар сокинони кишвар беҳтар гардид.

Хизмати бебаҳои Сарвари муаззами давлат дар арсаи байналмилалӣ эътироф ва аз ҷониби сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохта баҳогузорӣ шудааст. Мартин Лиз, ректори донишгоҳи сулҳи СММ зикр намуда буд: Иҷлосияи шонздаҳум қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси Раиси Парлумон ва Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеъиро касб кард ва пас аз чанд соли ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ мо дар ин конфронси байналмилалӣ, ки бомуваффақият ва дар сатҳи олӣ дар Душанбе баргузор шуд, онро ҷашн гирифтем. Муҳим аст, ки сиёсатмадорон ва олимони иштирокчии ин конфронс қайд намуданд, ки таҷрибаи ҳалли маслиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар даргириҳои нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад.

Нависандаи арсаи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи раванди сулҳи тоҷикон изҳори ақида намуда, навиштааст: «Дар муддати хеле кӯтоҳ ба мувофиқа расидани тарафҳои ҷангзада бозёфти нодир дар ҷодаи сулҳофарӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳал намудани қазияи ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар намуди ҷангҳо душвортар аст. Ҷаноби Раҳмонов рисолати сулҳро ҷавонмардона ба  даст гирифт».

Узви парлумони Аврупо аз Ҳизби халқии Тиропи ҷануби Италия, роҳбари Шӯрои Ҳизби халқии Аврупо, ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Аврупо ва Тоҷикистон Херберт Дофман таҷрибаи Тоҷикистонро дар барқарор намудани сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ таҳти ҳимояи СММ муҳим арзёбӣ карда, гуфтааст, ки дар бартараф сохтани муноқишоти миллӣ дар дунё метавон аз он ба сифати намуна истифода бурд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати Тоҷикистон тақдири баланд ба миллати кўҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарию мардумгароиро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаи моро имрўз ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.  

Равшан Усанов,

дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии

сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аъзои ҲХДТ