Дар доираи эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳаммад Осимӣ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву варзишӣ доир гардида истодаанд.

 Наздики як моҳ байни бошандагони хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмуни «Ҳуҷраи беҳтарин» ва «Ошёнаи беҳтарин» ҷараён гирифта, дар он ҳамаи донишҷӯёни дар хобгоҳ иқоматдошта фаъолона ширкат варзиданд.

Рӯзи гузашта озмуни мазкур ҷамъбаст гардид.

Директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зарурияти баргузории чунин озмунро дар соли барои ҷавонон муҳим қайд намуда, таъкид дошт, ки дӯст доштани Ватан аз хонаву дари худ оғоз меёбад. Бояд ҳар як насли худогоҳу хештаншинос барои ободии макони зист, ҷое, ки он ҷо таълим мегираду ба камол мерасад, кӯшиш варзад. Сарвари донишкада иқдоми пешгирифтаро қадаме ба пеш ба сӯи омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона номид.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи роҳбарияти донишкада тақдим карда шуд.

Ҳамин тавр аз ошёнаи якум ҳураи рақами 106, ки бошандагонашон Дилдора Сабурова ва Мавзуна Қодирова мебошанд, ғолиб дониста шуданд. Аз ошёнаи 3 ҳуҷраи 331, ки Ханов Горягин шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷалолзай Ризо, шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон мебошанд,  ғолибият ба даст оварданд. Дар ошёнаи 4-ум ҳуҷраи донишҷӯён Каримов Комилҷон, Шодиев Азиз ва Холлов Ноибшоҳ беҳтарин ҳуҷра эътироф гардид.

Дар маҷмӯъ ҳайати ҳакамон  ҷойи аввалро ба бошандагони ошёнаи 4, ҷойи дуюмро ба сокинони ошёнаи 3 ва ҷойи сеюмро ба донишҷӯёни дар ошёнаи 1 иқоматмекарда доданд.

Ба ғолибон тӯҳфаҳо аз қабили тафтдони барқӣ, асбоби обҷмеҷӯшонда тақдим карда шуд.

Ҳамзамон дар ин чорабинӣ озмуни «Беҳтарин фаррош ва рӯбанда» ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа фаррош  Раҳмонова Бароат ҷойи аввалро ишғол намуд. Зинаҳои баъдиро Ҳакимова Маҳбуба ва Собирова Ибодат ба даст оварданд.  Дар озмуни «Рӯбандаи беҳтарин» бошад ғолибият насиби Саломат Рустамова гардид.

Ба ҳамаи ғолибони ин озмун аз ҷониби раёсати донишкада тӯҳфаҳои молиявӣ супорида шуд.