Дар толори хурди муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии № 19 шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба номи “Домулло Азизов” доир гардид. Дар кори он мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоидов ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова ва ҳамчунин фаъолону пайравони ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок намуданд.

Дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Орифҷон Умаров дар соли 2020, натиҷагири аз маъракаи обунашавӣ ба рузномаҳои ҳизбӣ, муқоисакунии аъзои ҳизб ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷониби намояндагони мақомоти болоии ҳизб фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта баён шуд, ки ташкилоти ибтидоӣ дар фаъолияти минбаъда низ дар самти низоми ҳуҷҷатгузорӣ, тақвияти аъзои ҳизб, саривақт баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ ва ширкати фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ корро ҷоннок намоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба 20 нафар аъзои нав дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.