Субҳи рузи 9-уми майи соли 2016 дар майдони «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд маросими гулчамбаргузорӣ бахшида ба 71-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид. Дар ин маъракаи бузург Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, меҳмонон аз мақомотҳои болоӣ ва кулли иштирокчиёни ҶБВ иштирок доштанд. Пеш аз ҳама Раиси вилоя ва Раиси шаҳр гулчамбарро дар зери мавзеи хотираҳои шаҳидони ҶБВ гузоштанд. Инчунин Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гулчамбарро ба хотираи шоди ҳалокгаштагони ҶБВ гузошт.