Ҳамасола тамоми ҷаҳон аз санаи 25-ноябр то 10-декабр Маъракаи иттилоотии «16-рӯзи зидди зӯроварӣ»-ро қайд мекунад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон қабул карда шудааст. Соли 1999 Созмони Миллали Муттаҳид 25 ноябрро расман Рӯзи байналхалқии мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, эълон намуд. Интихоби 10 декабр ҳамчун рӯзи хотимавӣ низ бесабаб нест, зеро ин рӯз – Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст. Зӯроварӣ бошад яке аз омилҳои вайронкунии ҳуқуқҳои инсон ба ҳисоб меравад ва мутаассифона мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин амали нангин дар хонаводаҳо бештар истифода бурда мешавад. Аксаран занон гирифтори хушунат мегарданд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таи чанд сол аст, ки дар гузаронидани маъракаи иттилоотии «16-рӯзи зидди зӯроварӣ нисбати занон» фаъолона ширкат меварзад. Мақсади гузаронидани маъракаи иттилоотӣ ҷалби диққати ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбати занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатхои иқтисодию иҷтимоӣ, сабаб ва зоҳир гардидани онҳо -мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати хуқуқии занон мебошад.
Вобаста ба ин дар Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Оила бе хушунат зебост» баргузор гардид.