Маликисломов Наим Мунавварович 15 марти соли 1960 дар оилаи коргар, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи математикаи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М Киров. Солҳои 1983-1985 омӯзгори мактаби миёнаи №2-и ноҳияи Мастчоҳ, солҳои 1985-1986 котиби ташкилоти комсомолии омӯзишгоҳи кооперативии шаҳри Хуҷанд, солҳои 1986-1988 дастурдеҳи шӯъбаи варзиши кумитаи вилоятии ИҶКЛ Тоҷикистон, солҳои 1988-1990 дастурдеҳи шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи Партияи Коммунистии ноҳияи Хуҷанд, солҳои 1990-1993 раиси иттифоқи касабаи совхози «Сирдарё»-и ноҳияи Хуҷанд, солҳои 1993-1996 ҳуқуқшинос-мушовири Корхонаи муштараки «Гелтас»-и ноҳияи Хуҷанд, солҳои 1996-1998 сардори ҶДММ «Деҳқон»-и ноҳияи Хуҷанд, солҳои 1998-1999 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қайроққум, солҳои 1999-2001 роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Б.Ғафуров, аз соли 2001 то соли 2005 сардори Идораи маорифи Ҳукумати вилояти Суғд, аз соли 2005 то соли 2008 мудири шӯъбаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буд. Аз соли 2008 то соли 2009 сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли дар вилояти Суғд, аз соли 2009 то соли 2010 сардори Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд фаъолият дошт. Аз моьи июли соли 2011 Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Оиладор, сохиби 4 фарзанд.

Ҷаҳонгирова Дилбар Турсунхӯҷаевна 17- июни соли 1961 дар оилаи коргар, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Хатмкардаи Техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод ва Коллежи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров. Солхои 1994-1996 нозир-назоратчӣ, муттахасиси Маркази таъминоти нафақа ва кӯмакпулӣ, солхои 1996-2009 корманди корхонаи муштараки «Ҷавонӣ», соли 2009 ҷонишини директори СУ-3 ОАО «Сохтмон» оид ба корхои хоҷагӣ, солхои 2009-2011 ҷонишини директори Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назаров, аз мохи феврали соли 2011 сармухосиби КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Оиладор соҳиби як фарзанд.

Ӯрунбоева Муҳаббат Холиқҷоновна 20 июли соли 1967 дар оилаи хизматчӣ дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин. Солҳои 1984-1996 муттахасиси шӯъбаи музди меҳнати фабрикаи бофандагии №3и комбинати шоҳибофӣ, солҳои 1996-2001 муттахасиси пешбари шӯъбаи сохтмони асосии Кумитаи омори вилояти Суғд, солҳои 2001-2004 нозири шӯъбаи кадрҳои ҶДММ «Фудсервис», аз моҳи июни соли 2004 ба вазифаи муҳосиб, мудири шӯъбаи ташкилӣ, занон ва муовин оид ба корҳои ташвиқотию тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад. Оиладор соҳиби се фарзанд.

Ҳаитов Маҳмадсалим Самеҳович  14 июни соли 1985 дар оилаи колхозчӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон  таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии миллии тоҷикистон мебошад.

Солҳои 2007-2008 омӯзгори фанни таърихи гимназияи Хазинаи Хайрияи «Сарпараст»-и шаҳри Душанбе, солҳои 2008-2013 мутахассиси ҶДММ «Донишҷӯ»,  солҳои 2013-2015 мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва аз моҳи апрели соли 2015 мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.

Оиладор, соҳиби се фарзанд

Азимов Абдумавлон Ҷалилович 01 августи соли 1954с дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Инчунин хатмкунандаи аспирантураи пажӯҳишгохи тадқиқоти сотсиологии Академияи Улуми Федератсияи Руссия (Москва 1976-1980с.с.) корманди илмии шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1975-1976с.с.). Соли 1980 рисолаи номзадии худро пеш аз мӯҳлат барои соҳиби унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси «080018- иқтисодӣ омӯзиши ахолӣ ва демография» дар мавзӯи: «Муаммоҳои тараққии иҷтимоӣ - демографии комплекси Ҷанубии Тоҷикистон» дифоъ намудааст. Бештар аз 100 корҳои илмӣ, илмӣ—методӣ, илмӣ—тадқиқотӣ, оммавӣ— публисистӣ, китобхои дарсӣ ба чоп расонидааст. Солҳои 1980-1983 ва минбаъд ҳамчун хамкор аз соли 1983 то 2003 дар Донишгохи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дотсенти кафедраи «Иқтисоди сиёсӣ», солхои 1983-2002 Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ мудири кафедраи «Ҷомеъашиносӣ», солхои 2002-2005 дар шӯъбаи Хуҷандии донишкадаи андоз ва хуқуқ ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, мудири кафедраи «Назарияи иқтисод, менеҷмент ва фанҳои ҷамъиятӣ», солҳои 2005-2012 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон мудири кафедраи «Тиҷорат ва ҳуқуқ», декани факулта, ноиб ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи «Назарияи иқтисод»- и фаъолият дорад. Раиси комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд.

                                                                                                                       

                                                                                                                          

                                                                                                                           


Исоев Эхсонҷон Маҳумудҷонович 31 майи соли 1990 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи  “ОмКПТ”-и шаҳри Омски Федератсия Руссия ва  факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад. 

 Аз моҳи ноябри соли 2017 дар вазифаи мудири шӯъбаи умумӣ ва назорати  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Суроға: шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Навбаҳор, хонаи 30

 

 

 

 

Саидов Фирдавсхон Мирзосироҷович 22 ноябри соли 1993 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аз соли 2016 магистранти курси 1-уми факултаи забонҳои хориҷӣ. Аз моҳи августи соли 2016 дар вазифаи мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ фаъолият мебарад. Суроға: шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 13, хонаи 67, ҳуҷраи 24    

Шарипов Ғуфронҷон Лухмонович 10 сентябри соли 1992 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи апрели соли 2015 котиб коргузори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. Аз моҳи апрели соли 2015 дар вазифаи мудири бахши омори кумиҷроия фаъолият мебарад. Оиладор. Суроға; н.Б.Ғафуров ҷ.Ёва, кӯчаи 50 солагии Тоҷикистон №66.